Ҷаласаи навбатии вазирони иқтисод ва савдои давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 24-уми вазирони иқтисод ва савдои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз тариқи видеоконфронс иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз заминаи мустаҳками ҳамкорӣ фароҳам оварда шудааст.
Инчунин аҳамияти минбарҳои Созмони ҳамкории Шанхай барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт ва рақамикунонӣ таъкид гардид. Гуфта шуд, ки зиёда аз 70 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд.
Завқӣ Завқизода фаъолтар намудани раванди татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардондани «Стратегияи рушди иқтисоди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030»-ро, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шудааст, таъкид намуд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа бо хушнудӣ пазируфта шуданд.
Иброз гардид, ки мувофиқи тартиб, ҷаласаи минбаъдаи вазирони иқтисод ва савдои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар бораи сана ва ҷузъиёти ташкили он тавассути роҳҳои дипломатӣ иттилоъ пешниҳод мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






