Ҷаласаи ситоди даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид

Сентябрь 13, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ситоди даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо дастгирӣ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба платформаи муассир барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ табдил ёфта, баргузории он дар сатҳи баланд на танҳо талабот, балки ҷавоб ба ниёзи замон ва рушди навоварию ихтироъкорӣ мебошад.

Раиси комиссияи озмун гуфт, ки имсол бо назардошти тамоюли афзояндаи ҷаҳонӣ ба самти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба номинатсияҳои озмун самти нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд. Ин иқдом заминаи муҳим барои рушди малакаҳои рақобатпазири ҷавонон ва ба вуҷуд овардани муҳити ҳавасмандкунанда дар байни наврасон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва муҳандисон мебошад.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки бо назардошти васеъ шудани доираи иштирок ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа шумораи ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 нафар расонида шуда, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми умумии маблағҳои мукофот низ дучанд афзоиш ёфтааст. Маблағи умумии ҷудошуда аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи эътибори хоссаи давлат ба рушди илму маърифат ва пуштибонӣ аз истеъдодҳои нав мебошад.

Марҳилаи сеюм яке муҳимтарин зинаи озмун буда, ба он танҳо иштирокчиёне роҳ меёбанд, ки дар даврҳои аввал ва дуюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд ва имкон доранд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳунару истеъдоди илмии худро манзур намоянд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон асоснок ва қобили қабул барои иштирокчиён бошад.

Бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳими илмӣ даври сеюми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба таври густурда таблиғ ва бозтоб меёбад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид