Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид

Сентябрь 25, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии вазорати федеролӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен доир шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо инчунин зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши робитаҳои дӯстонаро таъкид намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории минбаъда ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди устувор мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 25, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид