Ҳамкории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалии Австрия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалӣ (BOKU)-и Австрия вохӯрии корӣ баргузор шуда, зимни он ҳамкории илмии дуҷониба баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад, дар вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ зимни гузаронидани таҳлили муштараки лаборатории консентратсияи моддаҳои дар об овезон ва таркиби гранулометрии таҳшинҳо баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин барои гузаронидани таҳқиқоти муштарак ва экспедитсияҳои байналмилалӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, ташкили корҳои саҳроӣ, баргузор намудани машваратҳо ва тренингҳои омӯзишӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалӣ (BOKU) яке аз марказҳои пешқадами илмию таълимии Аврупо дар самти рушди устувор, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ бо равиши байнисоҳавӣ, ки илмҳои табиӣ, муҳандисӣ ва иқтисодро дар бар мегирад, маъруф аст.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






