Ҳамкории Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо густариш меёбад

Сентябрь 20, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ  дар  шаҳри Вена дар доираи иштирок дар маросими хотимавии  ташаббуси «Ҷавондухтарон барои сулҳ, тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ» бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Кейт Фирон,  муовини Президенти Асамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Гудрун Куглар ва Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Австрия — Осиёи Марказӣ ва Муғулистон муовини Президенти Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Ҳенрике Брандштёттер  вохӯрӣ намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Мавсума Муинӣ   иброз дошт, ки  Тоҷикистон ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,  Ассамблеяи Парламентии  ин Созмон бахусус дар самти ҳамкории байнипарламентӣ, ки яке аз абзорҳои муҳимми густариши робитаҳои дуҷониба ва тақвияти муколамаи созанда байни давлатҳо ба ҳисоб меравад, аҳаммияти хоса медиҳад.

Муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо аз нақш ва мақоми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, ин Созмонро ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон ном мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон бузургтарин Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар минтақа ва Коллеҷи идораи сарҳадии ин Созмон ҷойгир буда, беш аз 20 лоиҳа дар самтҳои гуногун  амалӣ карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати сулҳҷӯ ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории самарабахшро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон бо Шурои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия ва  минтақаи Аврупо густариш  медиҳад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд