Ҷамъоварии пахта дар Ёвон бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон бо рафти ҷамъоварии пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи беҳтарин» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Хоҷагии мазкур дорои 46 гектар замин буда, дар он асосан кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Ҷамоати деҳоти Обшорон, яке аз ҷамоатҳои пешқадам дар ноҳия буда, сокинони он асосан ба кишту парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии халқ машғул мебошанд.
Таъкид гардид, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор барои деҳқонон сол то сол афзоиш ёфта, аз ҷониби давлат имтиёзҳои гуногун пешбинӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон










Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






