«АТОИ САҲНА». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Атои саҳна» — таҳти чунин унвон ба ифтихори 85-солагии барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1993) Ато Муҳаммадҷонов 16 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш ва намоиши ҷашнӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллӣ, намояндагони илму фарҳанги ҷумҳурӣ ва наздикону пайвандони ҳунарпеша доир ба ҳаёту фаъолият, мероси ғанӣ ва корнамоиҳои беназири ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ато Муҳаммадҷонов сухан намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва аз ҳисоби пайвандони ҳунарманд беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо пешниҳод шуданд, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов ва саҳми боризи ӯ дар рушди театру синамо мебошанд.
Ҳунарпешаи театру синамои тоҷик Ато Муҳаммадҷонов 2 сентябри соли 1940 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1958 то 2002 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Ҳунару истеъдоди баландаш дар муддати кӯтоҳ ӯро ба оламиён шиносонд. Беҳтарин нақшҳояш усто Мухтор аз филми ҳунарии «Духтари сеюм», Мирзо Абдулло аз «Марги судхӯр», амир аз «Ситорае дар тирашаб», Азизхон аз «Субҳи нахустини ҷавонӣ», Султонхоҷа аз «Асрори оила», падар аз «Падари моҳтобӣ», Имом-ал Бухорӣ аз филми бадеии «Имом-ал-Бухорӣ» ва ғайраҳо маҳсуб мешаванд. Барои иҷрои нақши Амир Насри Сомонӣ дар филми ҳунарии «Ҷавонии нобиға» Ато Муҳаммадҷонов соли 1984 сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардида буд. Дар байни ҳунармандони тоҷику хориҷӣ ҳамчун нигини саҳнаи тоҷик шинохта шудааст. Шодравон ҳамчун ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик тамоми ҳаёти бобаракати худро сарфи хизмат ба халқу Ватан намуд. Ато Муҳаммадҷонов на танҳо барои театру кинои тоҷик, балки барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хизмати шоиста намудааст.
Заҳматҳои ҳунарманди нотакрори тоҷик- Ато Муҳаммадҷонов бо унвони Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1981), нишони «Дӯстии халқҳо» (1981) ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» (1999) қадрдонӣ гардидаанд.
Намоиши ҷашнии «Атои саҳна» дар Осорхонаи миллӣ то 25 сентябр идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






