Аз қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар бозёфтҳои давраҳои таърихӣ кашф карда шуданд

Сентябрь 21, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ, ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ кашф карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Ин ёдгориҳо бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон барои  омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд.

Таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд