Ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 19, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» намоиши ҷумҳуриявии ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва дигар намояндагони илму фарҳанги мамлакат доир ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан намуданд. Дар намоиш ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд.

Дар намоиши ҷашнӣ аз фонди тиллоии осорхона маҷмуи осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуданд.

Дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни

баргузории намоиши байналмилалии   «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори дорои аҳамияти осорхонавӣ аз ин ҷумла буданд.

Намоиши  ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025   ташкил карда шуда, то 1 октябр идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии  Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад