Ба ифтихори Рӯзи авиатсияи тоҷик дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 3, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон буда, давоми 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш рушд меёбад. Ин нукта имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маҷлиси тантанавӣ собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарон, мутахассисон ва кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи гражданӣ иштирок намуданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода тамоми кормандону мутахассисони соҳаи авиатсияи миллии Тоҷикистонро бо иди касбӣ шодбош гуфта, доир ба нақши мақомоти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, дурнамои рушди соҳа, таҳкими ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар самти фарох гардонидани ҷуғрофиёи парвозҳо, хусусан афзун намудани хатсайрҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳою нақшаҳои мақомоти авистяи граждании Тоҷикистон сухан гуфт.

Баён гардид, ки дар беш аз сад сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Ҳамзамон инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия тақвият ёфтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ- «Душанбе», «Хуҷанд», «Кӯлоб» ва «Бохтар», ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо назардошти муҳиммияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ки санаи таҷлили Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар мамлакат аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт. Инчунин соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра собиқадорон ва мутахассисоне, ки дар рушду пешрафи соҳаи авиатсияи граждании мамлакат саҳми шоиста гузоштаанд, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд