Ба шарафи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Истаравшан олимону соҳибкорон қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки истиқлолу соҳибдавлатӣ барои ҳар халқу миллат роҳе ба сӯи озодӣ ва рушди ҳамаҷониба мебошад, ки дар ватани азизи мо низ ин раванд бо заҳмату талошҳои хастагинопазир ва роҳбарии муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми сарбаланди меҳан дар давраи начандон тӯлонӣ тавонист, ки низоми устувори давлатдориро бунёд намояд, пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии худро таҳким бахшад, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро соҳиб шуда, дар роҳи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор гузорад.
Дар идомаи ҳамоиш бо қарори Раиси шаҳри Истаравшан “Дар бораи сарфароз гардонидани олимони маъруф бо унвони баландтарини шаҳрдорӣ ба хотири хизматҳои арзандаашон дар рушди илму маориф, тақвияти иқтидори кадрии мамлакат ва саҳми назаррас дар корҳои бунёдкорию созандагӣ” академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, Улмас Мирсаидов ва соҳибкори муваффақ Абдуҳамид Муъминов бо унвони “Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан” қадрдонӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии академикон на танҳо обрӯ ва эътибори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, балки мақоми шаҳри бостонии Истаравшанро низ боло бурдааст. Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан» ва Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан, ки бо ташаббус ва маблағгузории шахсии онҳо ва сохибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, имрӯз ба садҳо кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имконияти маҳдуд шароити муносиб барои зиндагӣ, таълим ва табобат фароҳам овардааст.
Академикҳо Улмас Мирсаидов ва Маҳкам Маҳмудзода дар хусуси Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои арзандаи соҳаи илм ёдовар шуда, иброз доштанд, ки шароит ва имконияти арзандае, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ фароҳам гардид, ба рушду пешрафти илми тоҷик такони тоза бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






