Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 10, 2025 14:42

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Чорабинӣ бо ибтикори ҷамъияти тоҷикон дар ин минтақа доир гардида, дар он аҳли зиё, намояндагони ҷамъият, донишҷӯён ва тоҷикони муқими ин шаҳр иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни наслҳо ва тақвияти ҳисси ваҳдату ҳамбастагӣ байни ҳамватанони муқими хориҷи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Ба таъкиди иштирокчиёни ҳамоиш, Истиқлоли давлатӣ оғози марҳалаи нави таърихӣ барои халқи тоҷик буда, заминаи воқеии рушду пешрафти давлати тоҷикон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш оид ба нақши истиқлол дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат сухан гуфта, саҳми муҳими тоҷикони бурунмарзӣ дар тарғиби фарҳанг ва ҳифзи ҳувияти миллӣ таъкид гардид. Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро дар муҳити берун аз ҷумҳурӣ гувоҳи равшани эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар ҳар гӯшаи дунё нишон аз якпорчагии миллат ва муттаҳидии фарзандони Тоҷикистон мебошад.

Ҳамоиш дар фазои идона, бо эҳсоси баланди ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ватану давлат анҷом ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2025 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд