Бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-солагии адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маҳфил бо иштироки шоирон, нависандагон ва аҳли адаб баргузор гардида, иштирокчиён аз нақши муҳими шоири тавонои тоҷик Гулназар Келдӣ дар ташаккули андешаи миллӣ, тарғиби ватанпарастӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки шеър дар эҷодиёти Гулназар Келдӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Доираи мавзуи ашъораш басе густарда буда, ковишу бозёфт дар онҳо фаровону пурҷило таҷассум ёфтааст. Ифтихори милливу ватандӯстдорӣ, васфи ҷавонӣ, ҷунуни ишқ, орзуву ҳавас, дарду алам, талхии ноко­мӣ, хиёнату бебарорӣ дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири хушбахтии қаҳрамони лирикӣ дар эҷодиёти Гулназар Келдӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Маҷмуаи нахустини шоир «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз қариб чил маҷмуаи ашъори шоир пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» аз ҷумлаи ин эҷодиёт мебошанд.

Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 1973 аъзои Иттифоқи нависандагон буд.

Ёдовар мешавем, ки Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1966 факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хизмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Барои маҷмуаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Гулназар Келдӣ ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020 дар синни 75 бинобар беморӣ аз олам даргузашт.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 18, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад