Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд

Сентябрь 1, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷамъомад баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Ректори донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода таъкид намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин раванд нақши илму маориф ва фарҳангу санъат беназир аст. Маҳз омӯзгорон бо заҳмати софдилонаю садоқатмандӣ ояндаи миллатро месозанд ва фарзандони моро дар руҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва созандагӣ тарбия менамоянд.

Бо дастгириҳои Пешвои миллат мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста боло рафта, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳияву барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат фиристода шудааст.

«Ҳамзамон бо ин дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Сарвари давлат сол аз сол вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф беҳтар мешавад. Дар ин маврид метавон иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди дар қатори ҳама муассисаҳои самти иҷтимоӣ аз 1 сентябри соли 2025 аз 20 то 30 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои илму маориф ёдоварӣ намуд»,- гуфт ректори донишкада.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тарбияи шаҳрвандони соҳибмаърифату ватандӯст мебошад. Ин вазифа бар дӯши устодон, падару модарон ва хонандагону донишҷӯён гузошта шудааст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамеша барои баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю кӯшиш намоянд. Имрӯз дар Тоҷикистон барои таҳкими давлатдорӣ ва раванди созандагӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, ки бояд дар ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ саҳм гузорад, заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид