Байни АМИТ «Ховар» ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 18, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Шартнома бо мақсади татбиқ ва рушди ҳамкории мутақобили судманд байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба имзо расонида шуд.

Тибқи ин санад тарафҳо ҳамкориро дар самтҳои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тақвият бахшида, барои мустаҳкам намудани дониш ва малакаҳои амалӣ, инчунин такмили таҷрибаи касбии донишҷӯён ва густариши муносибатҳои илмиву амалии мутақобил, аз ҷумла ташкили семинарҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шароит фароҳам меоранд.

Дар доираи ин санад рушди ҳамкории муассир барои истифодаи таҷрибаи пешқадам ва такмили донишу малакаи мутахассисон низ пешбинӣ гардидааст.

Сентябрь 18, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид