Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ширкати «DI Lab Inc» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ширкати «DI Lab Inc»-и Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Зоир Раҳмонзода бо муассис ва директори генералии ширкати «DI Lab Inc»-и Ҷумҳурии Корея Мён Кванг Мин масъалаи ташкили машғулияти омӯзишии сертификатсионӣ ва  робитаҳои таълимию илмиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистону Корея»-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Иброз гардид, ки дар марказ мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат дар самти технологияҳои инноватсионию рақамӣ,  бахусус зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозии бесарнишинҳо омода карда шуда, инчунин забон ва фарҳанги кореягӣ омӯзонида мешавад.

Ҷонибҳо густариши минбаъдаи ҳамкориро дар самти робитаҳои таълимию илмӣ муҳим ва зарур донистанд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид