Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва дин баррасӣ гардид

Сентябрь 17, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили муҳими рушди таҳқиқоти илмии муосир дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва диншиносӣ 16 сентябр зимни мулоқоти роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносии Кумитаи илмии Вазорати илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо мубодилаи таҷрибаро дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, табодули иттилооти илмӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъалаи таҳия ва имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ду муассиса матраҳ гардид. Тарафҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд. Қарор шуд, ки ояндаи наздик барои пайгирӣ ва иҷрои бандҳои ёддошт оид ба ҳамкорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Ин ҳамкорӣ қадами муҳим барои ба роҳ мондани робитаҳои устувори илмӣ байни  Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба рушду тавсеаи тафаккури илмии минтақавӣ ва таҳкими муколамаи фарҳангию илмӣ мусоидат намояд.

АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид