Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи шадид дар шарқи Афғонистон беш аз 1124 нафар ҳалок ва 3251 нафар маҷруҳ шудаанд, хабар медиҳад «Kazinform» бо истинод ба BBC.
Қаблан хабар расида буд, ки дар ин зилзила беш аз 800 нафар ҳалок ва беш аз 2500 нафар маҷруҳ шудаанд.
Вазорати тандурустии Афғонистон ҳушдор дода буд, ки шумораи ҳалокшудагон метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Тибқи маълумот, вилояти Қунар, ки маркази заминларза дар он воқеъ будааст, хисороти ҷиддӣ дидааст, вале дар бораи ҳалокшудагон ва захмбардоштагон ҳанӯз маълумоти дақиқ нест. Зеро иртиботи мобилӣ дар ин минтақа қатъ шуда, дастрасӣ ба бархе минтақаҳо бар асари харобиҳо хеле мушкил шудааст.
Шаби душанбе дар вилояти Қунар дар шарқи Афғонистон заминларзаи шадид рух дод. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, маркази зилзила дар километри 27-уми самти шимолу шарқи Ҷалолобод дар умқи ҳашт километр воқеъ будааст. Шиддати он шаш баллро ташкил намуд.
АКС аз манбаъҳои боз