Барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд

Сентябрь 24, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва афзоиши талабот ба истифодаи неруи барқ мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои боло бурдани сатҳи маърифати энергетикии аҳолӣ ва ташвиқи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии энергетии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин раванд аъзои гурӯҳҳои махсус бо сокинон вохӯриҳои сайёри иттилоотӣ баргузор намуда, онҳоро бо аҳамияти риояи меъёрҳои сарфакорӣ ва самаранокии истифодаи неруи барқ шинос менамоянд.

Ҳамзамон байни аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо тавсияҳои амалии мутахассисон оид ба истифодаи босамари таҷҳизоти барқӣ, коҳиш додани талафоти неру ва роҳҳои сарфаи барқ дар шароити хона таъкид гардидаанд. Зимни вохӯриҳо таъкид карда мешавад, ки риояи қоидаҳои одӣ ва тавсияҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки ҳар оила дар сарфаи неруи барқ саҳм гузошта, ҳамзамон сатҳи пардохти хонавода низ кам гардад. Маъракаҳои таблиғотӣ дар маконҳои серодами шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир мегарданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо пешгирии истифодаи беҳудаи неруи барқ, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон дар масъалаи истифодаи оқилонаи неруи барқ ва мусоидат ба таъмини устувории низоми энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистон мебошад.

АКС: Агентии назорати давлатии энергетии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд