Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи ҳуқуқ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «СИТЕС ва идентификатсияи ҳайвонот ва растаниҳое, ки объекти тиҷорати ғайриқонунии байналмилалӣ маҳсуб мешаванд» машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, машғулият дар доираи ҳамкории Институти зоология ва паразитология бо Ташкилоти байналмиллалии «Фауна ва Флора Интернэшнл» ташкил карда шуд.
Мутахассисон аз Академияи миллии илмҳо, милитсияи экологӣ, Хадамоти гумрук, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва намояндагони ташкилоти байналмилалии «Фауна флора Интернешнл» бо рӯнамоҳо баромад намуданд.
Коршиносони Академияи миллии илмҳо дар бораи намудҳои ба замимаҳои I, II, III -и СИТЕС воридгардидаи ҳайвонот ва набототи Тоҷикистон ва намудҳои экзотикӣ, инчунин тарз ва роҳҳои интиқоли ҳайвонот ва растаниҳо маълумот доданд. Масъалаи тиҷорати байналмилалии ҳайвонот ва наботот тибқи талаботи Конвенсияии СИТЕС баррасӣ гардид.
Кормандони илмии Институти зоология ва паразитология дар бораи ширхӯрон, парандагон, хазандагон ва ҳашарот маълумот доданд.
АКС:Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






