Беш аз 80 ҳазор нафақагирони шаҳри Душанбе аз индексатсия баҳраманд шуданд

Сентябрь 22, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. То 15 сентябри соли равон 80 ҳазору 992 нафар нафақагирони чор ноҳияи шаҳри Душанбе, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Қурбонзода иброз намуд, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шуданд. Дар ин маврид 8 феврали соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

Муҳаммад Қурбонзода иброз намуд, ки тибқи ин қарор аз 25 то 3 октябр давра ба давра бо назардошти зиёдшавии нафақа ба онҳо нафақаашон пурра пардохт карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ бо назардошти зиёдшавӣ аз 5 то 10 октябр нафақаҳо пурра пардохт мегарданд.

8 августи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи амалисозии ин фармон, яъне тибқи маълумоти пешакӣ, нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад:

— нафақаҳои суғуртавӣ аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ баробар карда мешаванд.

— нафақаҳои меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ баробар карда мешаванд.

— нафақаҳои иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ баробар карда мешаванд.

— нафақаҳои заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар карда мешаванд.

Иброз гардид, ки индексатсияи нафақаҳо шуруъ аз моҳи сентябри 2025 бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт карда мешавад.

Дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 сентябри 2025 863 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 170 ҳазору 797 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 18 ҳазору 246 нафар, гурӯҳи дуюм — 84 ҳазору 130 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 ҳазору 426  нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола- 34 995 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл- 1115 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 76 266 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 15 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ 109 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024  баён намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши кормандони соҳаҳои гуногуни мамлакат  зиёд карда шавад. Яъне аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад. Музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд