Дар Ашқобод 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Намояндагии дипломатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пойдории истиқлоли мамлакат, таъмини соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тоҷикон таъкид намуд. Ҳамзамон дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон давоми 34 соли истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни ҳамоиш суруду шеърҳои ватандӯстонаю ватанпарварона хонда шуда, ба ҳамватанон номинатсияҳои санъату ҳунарҳои анъанавии тоҷикон, аз қабили чакан, атлас, зардӯзӣ, кундал, зарфҳои гилӣ, либосу кулоҳ, инчунин таомҳои миллӣ пешкаш гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд






