Дар Қатар 34-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Қатар, аз ҷумла соҳибкорон ва донишҷӯён таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ нақши Истиқлоли давлатиро бузургтарин арзиш ва дастоварди нодири миллати тоҷик арзёбӣ намуда, гуфт, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд мекунад.
Ҳамзамон 9 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди шаҳри Давҳаи Қатар бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар









Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






