Дар деҳаи Обидараи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 21, 2025 16:00

ВАҲДАТ, 21.009.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Обидараи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Муассиса то моҳи августи соли 2025 ҳамчун муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекард. Аз 13 августи соли 2025 он бо қарори Раиси шаҳри Ваҳдат аз таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд.

Бо сабаби  сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса  мушкилоти ҷойи нишаст ба миён омад. Хушбахтона, дар пайравӣ ба ташаббус ва ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайни  хонандагон бинои иловагии муассиса, иборат аз ду ошёна ва бо риояи қоидаҳои меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бино аз 7 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 350 хонанда  дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Омӯзгорони муассисаи таълимӣ вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти беҳтарин бо масъулияти баланд ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омода ва тарбия намоянд. Ҳамзамон барои омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли равон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки пешравии ҳар давлат ба соҳаи маорифи он вобастагии зич дорад. Маҳз талош ва ғамхориҳои Пешвои миллат мебошанд, ки дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мунтазам мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, аз моҳи январи соли 2025 то моҳи сентябри соли 2025 аз ҷониби сокинони маҳал ва соҳибкорон дар назди якчанд муассисаи таълимӣ 150 синфхона барои 7250 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Сентябрь 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд