Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» барои намояндагони соҳаи хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат (мастер-класс) ташкил карда шуданд. Онҳо ба омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, истифодаи василаҳои рақамӣ дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ, инчунин шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди соҳа нигаронида шуда буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласаи панелӣ, ки таҳти унвони «Сайёҳӣ 2030: назари коршиносон ва муколамаи соҳа» доир шуд, коршиносони байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба ояндаи сайёҳӣ баён доштанд.
Зимни ин чорабинӣ коршиносон дар мавзуъҳои «Чӣ тавр метавон захираҳои инсониро ба талаботи сайёҳии оянда омода кард?», «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим», «Кадом мегатрендҳои глобалӣ рушди сайёҳиро то соли 2030 муайян мекунанд ва афзалиятҳои сайёҳон чӣ гуна тағйир меёбанд: кадом омилҳо — бароҳатӣ, дастрасӣ, устуворӣ ё таҷрибаҳои беназир — муҳимтар хоҳанд буд?» ва дар мавзуи «Чӣ гуна рақобатпазирӣ байни кишварҳо барои ҷалби сайёҳон ва сармояҳо то соли 2030 тағйир меёбанд: кадом тадбирҳоро мебояд кишварҳои Роҳи Абрешим андешанд?» маъруза намуданд.
Дар дарси маҳорат, ки таҳти унвони «Воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ» гузаронида шуд, коршиносон самараноктарин воситаҳои рақамиро барои пешбурди сайёҳӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маркетплейсҳои онлайнӣ ва барномаҳои мобилиро баррасӣ карда, тағйирёбии рафтори сайёҳонро дар шароити рақамигардонӣ таҳлил намуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) барои иштирокдорон фазои мусоид фароҳам овард, ки онҳо аз таҷриба ва донишҳои беназири коршиносони сатҳи байналмилалӣ баҳра баранд.
Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) 18 сентябр ифтитоҳ гардида, имрӯз анҷом меёбад.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






