Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Мурғоб корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
Корхонаи истеҳсолӣ дар деҳаи Аличор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ марҳила ба марҳила сохта мешавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи якуми бунёди корхона 1 миллион сомониро ташкил дода, 15 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ шинос гардида, ба масъулин дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд бунёд намудани корхона тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






