Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус доир шуд

Сентябрь 18, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози кори Комиссия иштирокдорон намоиши саноатии кишоварзии Тоҷикистону Беларусро тамошо намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон иброз намуд, ки баргузории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳо ва дигар самтҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов гуфт, ки баргузории ин Комиссия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, кооператсияи саноатӣ, саноати сабук ва дорусозӣ бештар мегардад.

Дар ҷараёни ҷаласа ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳамчунин имрӯз Протоколи ҷаласаи ҳаждаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус ба имзо расонида шуд.

Дар ҷаласа масъалаи омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳайати расмии иштирокдорони Комиссияи 18-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Майдони Истиқлол, Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-ро тамошо карда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» аз наздик шинос мешавад.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд