Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳайати расмии Комиссияи 18-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Майдони Истиқлол, Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






