Дар Душанбе брифинг оид ба омодагӣ ба Саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бахшида ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки корпуси дипломатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни он роҷеъ ба чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба Саммити Иттиҳод маълумот пешниҳод гардид.
Иброз гардид, ки рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ иборат аст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






