Дар Душанбе истифодаи фановарию маводи нав дар сохтмони роҳҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Истифодаи фановарию маводи нав дар сохтмони роҳҳо»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисон ва коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили мубрам, тамоюлҳо ва ояндаи сохтмони роҳҳои мошингардро баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Конфронси байналмилалӣ аз ҷониби Шурои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он роҳбарони маъмурияти роҳҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва корхонаҳои аъзои ассотсиатсияшудаи Иттиҳод, олимон ва мутахассисони соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард иштирок намуданд.
Дар конфронс Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба сатҳи баланди ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи нақлиёт ва аҳамияти стратегии роҳҳои мошингард барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ сухан намуд.
Макони ҷойгиршавии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба онҳо имкон медиҳад, ки долонҳои муҳими стратегии байналмилалии нақлиётиро бо мақсади суръат бахшидан ба рушди иқтисодии худ истифода баранд. Ҳамоҳангсозии самтҳои асосии ҳамгироӣ ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили «Шимол – Ҷануб», «Шарқ – Ғарб», «Як камарбанд – як роҳ», «Роҳи баҳрии шимолӣ», «Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё» (ТРАСЕКА) ва долонҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои таъмини ҳамлу нақли бефосила ва бехатари транзитӣ нақши муҳим мебозанд.
Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ таъкид намуданд, ки пешрафти илмию техникӣ дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад, мо бояд дар тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард навоварӣ ворид созем. Истифодаи мавод ва технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки на танҳо устуворӣ ва бехатарии роҳҳо баланду беҳтар карда шавад, балки он хароҷоти нигоҳдории инфрасохторро коҳиш дода, зарари экологиро кам мекунад.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи нақлиёт бе рақамикунонии соҳа ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2025 яке аз ташаббусҳои калидӣ таҳияи «Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии ИДМ» буд. Ин ҳуҷҷат ба ташаккули фазои ягонаи рақамӣ нигаронида шуда, метавонад ҳамгироии самараноки системаҳои нақлиётӣ, коҳиш додани вақти транзит, шаффофияти хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳои моро дар арсаи ҷаҳон таъмин кунад.
Иштирокдорони конфронс доир ба вазъ, мушкилот ва рушди роҳҳои байналмилалии автомобилгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли лоиҳавӣ барои бехатар истифода бурдани нақбҳои нақлиётӣ, усулҳо ва технологияҳои муосир барои тафтиши роҳҳо ва пулҳо, таснифи бетонҳо аз рӯи намудҳои алтернативии пайвасткунанда ва дигар масъалаҳо маъруза намуданд.
Дар конфронс фановариҳои муосир оид ба тарҳрезӣ ва сохтмони нақбҳо ва пулҳо, татбиқи омехтаҳои инноватсионии асфалтубетонӣ, истифодаи системаҳои зеҳнии нақлиёт, инчунин асбоби рақамӣ барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои нақлиётӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷамъбасти конфронс таъкид шуд, ки ҳамаи ин пешниҳод барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар он шароити мураккаби иқлимӣ ва ҷуғрофӣ ҷустуҷӯи ҳалли ғайристандартӣ ва технологӣ талаб мекунад, хеле муҳим аст. Мубоҳисаҳо нишон доданд, ки рақамисозӣ ва навоварӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт бояд авлавият дошта бошад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






