Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр ва 1 октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар доданд.
Конфронс бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мешавад. Дар конфронс ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ, ҷанбаҳои инноватсионии рушди иқтисодӣ ва савдо, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва савдо дар шароити рақамикунонӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Дар конфронси байналмилалӣ доир ба асосҳои илмии трансформатсияи рақамикунонӣ, соҳаҳои ёрирасони рақамикунонии ҳолати кунунии хоҷагии халқи Тоҷикистон, ҳамбастагии иқтисоди рақамӣ ва таъминоти маърифатӣ-техникии рақамикунонӣ, савдои электронӣ, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ҳамгироии илм, таҳсил ва соҳибкорӣ маърузаҳо пешниҳод мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






