Дар Душанбе масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд

Сентябрь 13, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Фиристодаи махсуси намояндагии Финландия дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳайати онҳо бо роҳбарии хонум Терҳи Хакала вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар самтҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии мамлакат, бахусус “Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038”, “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Иброз гардид, ки ин санадҳои стратегӣ дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд.

Хонум Терҳи Хакала барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобили судманд барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки давом додани ҳамкории судманд мувофиқи мақсад буда, амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандону баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот хонум Терҳи Хакала изҳор дошт, ки “мо ҷонибдори дастгирии талошҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба озодиҳои асосӣ ҳастем”.

Ҳамзамон Умед Бобозодаро даъват намуд, ки 17 ноябри соли равон дар вохӯрии сатҳи баланди омбудсменҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хелсинкии Финландия иштирок намояд.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд