Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 10:00 дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба муносибати Рӯзи китоб намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва тамоми дӯстдорони каломи бадеъ метавонанд китобҳои тозанашрро дастрас намоянд.
Ҳадафи баргузории намоиш-фурӯш тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ, баланд бардоштани завқи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги мутолиа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 18 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд. Ин рӯз- 4 сентябр минбаъд дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






