Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши «Шоҳнома» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон» хониши сиёсӣ доир шуд

Сентябрь 20, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Нақши «Шоҳнома» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон» хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо мероси бузурги адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст, балки ҳамчун василаи маънавӣ барои омӯзиши таърихи миллат, эҳсоси ифтихори миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон хизмат мекунад. Омӯзиши ин асари бебаҳо метавонад барои наврасон ва донишҷӯён заминаи устувори тарбияи маънавӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ фароҳам орад.

«Бо дарназардошти бузургии ин асари безавол бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик  тақдим карда шуда истодааст, ки он сарчашмаи худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

Иштирокдорони ҳамоиш ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайваста хотиррнишон  намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки : ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.  Тақсими ин шоҳасар  ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ гардида, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Сентябрь 20, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд