Дар Институти астрофизика доир ба системаи офтобӣ машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони Институти астрономияи Академияи илмҳои Русия оид ба системаи офтобӣ машварати илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Аз ҷониби олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи мамлакат оид ба самтҳои асосии илми муосири астрономия ва астрофизика гузоришҳо пешниҳод шуданд.
Инчунин масъалаҳо ва дурнамои яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои кайҳонии Русия баррасӣ гардид. Хусусан, нақши телескопҳои заминӣ дар дастгирии лоиҳаи кайҳонии «Спектр-УФ» мавриди таҳлил қарор гирифт. Ҳамзамон усулҳои муосири омӯзиши кометаҳо ва нақши онҳо дар эволютсияи системаи офтобӣ муҳокима карда шуд. Маърузачиён натиҷаҳои таҳқиқоти чандинсоларо оид ба таъсири омилҳои иқлимӣ ба самаранокии мушоҳидаҳои астрономӣ муаррифӣ намуданд. Илова бар ин, натиҷаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар омӯзиши ҷараёнҳои метеорӣ ва мубодилаи додаҳои мушоҳидавӣ баррасӣ гардида, маълумоти илмӣ оид ба динамикаи фаъолияти чангии комета ва механизмҳои эҳтимолии он пешниҳод шуд.
Машварат ба минбари муҳими мубоҳисаи илмӣ табдил ёфта, дар таҳкими ҳамкории илмии Тоҷикистону Русия дар соҳаи астрономия ва астрофизика саҳми назаррас мегузорад. Иштироки васеи олимон, пешниҳоди натиҷаҳои навини таҳқиқотӣ ва идеяҳои муштараки ояндадор аз аҳамияти баланди чунин ҳамоишҳо дарак медиҳанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






