Дар Ҳисор Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо барномаи рангини консертӣ ва театрӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 34-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бошукуҳ таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисорро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҷашни бузурги миллӣ шодбош гуфт.
Иброз гардид, ки сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни Истиқлоли давлатиро бо комёбиҳои назаррас истиқбол намуданд. Далели рашани он дар остонаи ҷашни 34-солагии истиқлолият ба истифода додани беш аз 50 иншооти таъйиноти гуногун мебошад.
Тантанаҳои ҷашниро барномаи театрии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр, инчунин сарояндаҳои маъруфи ҷумҳурӣ ва гурӯҳи рақсии «Сарвиноз», ансамбли этнографии «Бобоҷонҳо» ва ансамбли созӣ-овозии «Шодмон»-и Филармонияи халқии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов рангинтар намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






