Дар Кӯлоб бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди босуботи мамлакат, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тоза боз намуда, барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Давоми солҳои солҳоибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, хусусан рӯзгору фаъолияти ҷавонон навгонии зиёде рӯйи кор омад, сиёсати давлатии ҷавонон татбиқ гардид ва имконияти фаровон барои пешрафти ин қишри ҷомеа фароҳам оварда шуд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан насли наврасу ҷавон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардад, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, барои баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллат саҳм гузорад.
Дар анҷом ба як зумра фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба аъзои нави ҳизб дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ ва нишони сарисинагӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон










Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






