Дар Москва машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории ниҳоди сиёсати хориҷии ду давлат баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назари судманд анҷом доданд.
Масъалаҳои омодагӣ дар заминаи нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, низ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.
Мусоҳибон ҳавасмандии тарафайнро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иброз доштанд. Ҳамзамон ба ҳамкории созанда барои муваффақона баргузор намудани чорабиниҳои пешбинишуда изҳори омодагӣ карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






