Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла дар деҳаи «Айлодара»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо 10 хонаи истиқоматӣ ба сокинон тақдим гардид. Ҳар хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат мебошад. Хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, барои зиндагии арзанда шароити муносиб фароҳам меоранд.
Дар ин рӯз байни Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ва Ҷамоати деҳоти «Шугнов» ду пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Яке аз пулҳо 104 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, дигаре бо дарозии 40 метр ва паҳноии 4 метр бунёд гардидааст. Ифтитоҳи ин пулҳо мушкили рафтуомади садҳо сокинони ду ҷамоатро пурра бартараф намуда, имконияти пайвастшавӣ ба роҳҳои асосӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқониро осон гардонид.
Дар Ҷамоати шаҳраки Мунк бинои нави маъмурии ҷамоат ва бахши бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба истифода дода шуд. Иншооти нав дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ бунёд ёфта, аз ду ошёна бо таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникии муосир пурра муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо барои фаъолияти кормандони ҷамоат ва бахши бойгонӣ шароити зарурии корӣ муҳайё шудааст.
Дар деҳоти Ҷомбахти маҳаллаи Сохтмончиён корхонаи коркарди сангу шағал ва истеҳоли бетон мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи рушди соҳаи сохтмон дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, корҳои роҳсозӣ ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тибқи иттилоъ, иқтидори корхонаи коркарди сангу шағал дар як шабонарӯз 300 метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамзамон хати истеҳсоли бетон дорои иқтидори баланди технологӣ буда, метавонад дар як дақиқа як метри мукааб бетон истеҳсол намояд. Баъди ба истифода додани корхона 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар Ҷамоати деҳоти Мунки маҳаллаи Сохтмончиён низ корхонаи коркарди сангу шағал ба истифода дода шуд. Корхона дар 17 гектар ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди 90 метри кубӣ сангу шағалро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Ховалинг дар 3 гектар замини обӣ хоҷагии деҳқонии «Холиён» таъсис ёфтааст, ки аз 4 саҳмдор иборат мебошад. Дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили картошкаи тухмии сурхобӣ парвариш карда мешавад, ки аз ҳар гектар то 45 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Ин навъи тухмии хушсифат дар шароити ноҳияи Ховалинг натиҷаи хуб дода, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар асоси меъёрҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда фаъолият намуда, дар 1,5 гектар замини он картошка, дар 1 гектар ғалладона ва дар 0,5 гектар сабзавот кишт гардидааст.
Дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ майдончаи варзишии хурди болопӯшида мавриди истифода қарор гирифт.
Майдонча дар маҳаллаҳои Токак ва Даҳани Шоли ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷойгир буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сокинон бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.
Бо ба истифода дода шудани ин майдонча наврасону ҷавонони маҳаллу ҷамоати мазкур имкони фароҳам ёфтанд, ки вақти холигии худро дар муҳити солиму созанда сипарӣ намуда, ба машғулиятҳои гуногуни варзишӣ ҷалб шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






