Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои муросо баргузор гардид

Сентябрь 25, 2025 14:17

РӮДАКӢ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалинамоии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои муросо баргузор намуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Фаъолияти Шурои муросо ба андешидани тадбирҳо барои ҳифзи оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии никоҳҳои бармаҳалу хешутаборӣ ва пошхӯрии оилаҳо нигаронида шуда, ба солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва тарбияи хуби фарзандон дар оила мусоидат менамояд.

Ин ҷаласа бо мақсади таъсиси Шурои муросо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чун минбари ёрирасон ба марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ гузаронида шуд.

Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарғиби либоси миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаҳои амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2026» ва «Барномаи давлатии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030» бо аҳли ҷамоат ва донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ вохӯриҳо доир намуданд.

Намояндагони кумита дар ин вохӯриҳо вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи самараноки маблағҳои грантӣ, ҷалби духтарон ба муассисаҳои олии мамлакат тавассути квотаи президентӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ибрози назар намуданд.

      АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 25, 2025 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд