Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт

Сентябрь 18, 2025 15:00

РӮДАКӢ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид, ки  дар он ғолибони даври шаҳрию ноҳиявии шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод ва Варзоб бо ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

Озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар байни ҷавонону наврасони мамлакат чанд маротиба зиёд гардид. Ин озмун барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 18, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад