Дар ноҳияи Темурмалик мактаби нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд.
Дар деҳаи Даҳаи намаки Ҷамоати деҳоти Ҳусейнобод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ифтитоҳ гардид.
Мактаби нав аз синфхонаҳои барҳаво ва равшан, ҳуҷраҳои фаннӣ бо таҷҳизоти муосир, майдончаи варзишӣ ва муҳити зебои сабзкорӣ иборат мебошад. Атрофи муассиса бо дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шукуҳи хоса гирифтааст.
Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат барои рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз садҳо муассисаҳои нави таълимӣ дар саросари мамлакат қомат афрохтаанд.
Сокинони деҳа бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки бо бунёди чунин мактаб фарзандонашон дар шароити мусоиду замонавӣ таҳсил карда, дар ҷомеа ҳамчун шахсияти донишманду ватандӯст ба камол мерасанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






