Дар Ню-Йорк масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе баррасӣ гардид

Сентябрь 25, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар доираи  иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари ниҳоди СММ-Об Алварио Ларио баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ташаббусҳои муҳими марбут ба захираҳои об табодули афкор намуда, чорабиниҳои байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронси оби СММ-2028 дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид