Дар Ҷопон фарҳанг ва таомҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷике, ки дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон таҳсил доранд, дар Фестивали байналмилалии шаҳри Акита иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.
Дар фестивал, ки бо ҳузури беш аз 20 давлати ҷаҳон доир гардид, донишҷӯён фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ ва таомҳои миллии тоҷикиро муаррифӣ карданд. Ҳамзамон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ маълумот пешниҳод гардид.
Фестивал бо мақсади дӯстӣ ва равобити фарҳангии Акита бо давлатҳои ҷаҳон баргузор гардида, саҳми донишҷӯёни тоҷик дар он чун қадами муҳим дар муаррифии фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардид.
Таваҷҷуҳи иштирокчиён ва меҳмононро хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, қурутоб, шириниҳои анъанавӣ ва дигар таомҳои маъруф ҷалб намуд. Ҳамзамон дар ҷараёни фестивал доир ба дастовардҳои миллӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи намоён доранд, маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Хусусан ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самтҳои ҳаётан муҳим ва глобалӣ, аз қабили ҳифзи захираҳои об, истифодаи устувори онҳо ва масъалаи пиряхҳо, ки барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






