Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб худро соҳибватан мешуморад». Чунин омадааст дар китоби тозанашри профессор Саймумин Ятимов «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат», ки дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Меҳвар» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Профессор дар китоби тозанашр беҳтарин андешаҳоро доир ба нақш ва мақоми Пешвои миллат аз дигар китобҳояш, ки қаблан нашр гардидаанд, ҷамъ овардааст.
Муаллиф дар китоб хизматҳои бузург ва корнамоиҳои ҷовидонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти фавқулода ва барҷастаи сиёсӣ, ки дар марҳилаи ниҳоят сангин ва ҳассоси ҷомеа қадам ба арсаи сиёсат гузоштанд, таъкид намудааст. Инчунин дар китоби тозанашри «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» муаллиф андешаҳои дурбинона ва хирадмандонаи Президенти Тоҷикистонро дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири тоҷикон, Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, пос доштани забони модарӣ, ҳифзи марзу бум, асолати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногун ва афзалиятнок гирд овардааст.
Дар китоб, аз ҷумла чунин омадааст: «… истиқлолияти давлатӣ дар таълимоти Сарвари давлат аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Ин мафҳум тавассути истилоҳоти «таърихи панҷҳазорсолаи миллат», «забони тоҷикӣ», «мероси илмӣ, таърихӣ, адабӣ», «ёдгориҳои таърихӣ», «ҳокимияти сиёсӣ дар давлати Сомониён», «ҳувияти миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик» ва монанди инҳо асоснок ва тафсир карда мешавад».
Инчунин муаллиф бар он назар аст, ки «Сарвари давлат истиқлолиятро чун бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир менамоянд. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст».
«Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад». «Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад».
Ё ҷойи дигар муаллиф чунин иқтибос овардааст: «Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва сатҳи масъулиятшиносии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя менамоянд. Ҳидоят менамоянд, ки миллат марҳалаҳои ҳассосу мушкили хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар амал ва сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд».
«Сарвари давлат ба мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» маънои низомсоз медиҳанд ва онҳоро бо ҳамдигар зичу вобаста медонанд. Дар ҳамин асос муътақиданд, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстию бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд».
Китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» ба оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд






