Дар Панҷакент дар мавзуи «Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон» конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Сентябрь 22, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ имрӯз дар шаҳри Панҷакент дар мавзуи «Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон» бо иштироки олимони дохилӣ ва хориҷӣ аз Узбекистон ва Туркманистон конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва Бунёди Рӯдакӣ баргузор гардид.

Иброз гардид, ки Устод Рӯдакӣ нахустин шоире буд, ки дар асри X пояҳои адабиёти асили тоҷикро ба забони тоҷикӣ-форсӣ гузошт.

Шеъри устод бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстона аҳли оламро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, рӯзгори босаодат даъват намуда, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то имрӯз хизмат мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд