Дар шаҳри Ал-Кувайт ангурҳои сернавъ ва хуштаъми тоҷикӣ муаррифӣ гардид

Сентябрь 3, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар доираи баргузории ҷамъомади корпуси дипломатии муқими Давлати Кувайт дар шаҳри Ал-Кувайт намоиши ангурҳои сернавъ ва хуштаъми тоҷикӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни муаррифии ангурҳои ватанӣ таъкид намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кишоварзии мамлакат, аз ҷумла токпарварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои махсуси токпарварӣ таъсис ёфта, ҳар яке аз онҳо ҳамасола аз 10 то 20 ҳазор тонна ангури аълосифат истеҳсол мекунанд. Иқлими мусоиди мамлакат шароити беҳтаринро барои парвариши навъҳои гуногуни ангур фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо бозори дохилиро таъмин намояд, балки маҳсулоти рақобатпазирро ба хориҷа содир кунад. Ҳамзамон истеҳсоли мавизҳои аълосифат низ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонон дар ҷараёни зиёфат бо завқ ангурҳои тозаву болаззати тоҷикиро, ки рамзи замини ҳосилхез ва заҳмати марди деҳқон мебошанд, чашиданд. Таъм, таровату наҳкати ангур таваҷҷуҳи махсуси ҳозиринро ба худ ҷалб намуда, бисёриҳо иқрор шуданд, ки чунин меваи хушсифат ва комилан табиӣ дар қаламрави кишвари иқомат камёфт аст.

«Ин чорабинӣ на танҳо иқтидори кишоварзии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, балки фарҳанги меҳмондорӣ ва санъати суннатии токпарварии тоҷиконро низ бозтоб дод. Ҳузури меваи тоҷикӣ дар чунин минбарҳои байналмилалӣ далели он аст, ки мамлакати мо метавонад ба яке аз таъминкунандагони муҳимми бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёбад», — таъкид намуданд дар Сафорат.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 3, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд