Дар шаҳри Бохтар мавсими нави театрӣ оғоз ёфт

Сентябрь 27, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мавсими нави театрӣ расман оғоз гардид, ки зимни он нахустин намоиши ин мавсим — «Бемори зӯракӣ» ба саҳна гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Намоиш аз рӯи асари маъруфи драматурги фаронсавӣ Жан-Батист Молер таҳия ва бо ташаббуси ҳунарманди ҷавон Отахон Саидзода ба саҳна гузошта шудааст. Таҳияи саҳнавии намоишро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов анҷом додааст.

Ин намоиш ба муносибати 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов омода гардида, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзандаи ин ҳунарманд ба саҳна гузошта шуд.

Мавсими нав дар театр бо руҳияи тоза ва барномаҳои ҷолиб оғоз гардида, аҳли ҳунар ният доранд, ки бо намоишҳои тоза ва баландмазмун тамошобинонро боз ҳам бештар ба театр ҷалб намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 27, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад