Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали «Амонатбонк» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».
Бинои нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосир бунёд гардида, дар он барои фаъолияти беш аз 30 корманд, ки қисми зиёдашонро занон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Бино зиёда аз 760 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 13 утоқи барҳавои корӣ, толори маҷлис, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар маросими ба истифода додани бинои нави филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун иброз гардид, ки ифтитоҳи филиали нав қадами муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, амалӣ намудани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи Бонки давлатӣ дар бозори молиявии мамлакат мебошад.
Ҳамзамон зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани савияи маърифати молиявии аҳолӣ, такмили малакаи касбии кормандон дар самти истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши дастгирии қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд.
АКС: «Амонатбонк»










Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






