Дар Шаҳринав Мусобиқаи кушоди минтақавӣ оид ба гӯштини ҷудо доир гардид

Сентябрь 13, 2025 16:30

ШАҲРИНАВ, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳринав дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2 Мусобиқаи кушоди минтақавӣ оид ба намуди гӯштини ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2005-2007 баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои директори Мактаби варзишии №2-и ноҳия Ориф Уроқов, дар мусобиқа зиёда аз 160 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода Файзобод, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав иштирок намуда, байни ҳам қувва озмуданд.

Мақсад аз ташкил намудани мусобиқа тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш мебошад.

Дар анҷом 40 нафар дар вазнҳои гуногун ғолиби мусобиқа ва соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм  гардида, бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 13, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд